БурдарасонӣВоситаҳо ва шартҳои бурдарасонӣДар ҶТ ва ДушанбеВақти қулайи бурдарасониро метавонед бо мутахассиси мағозаи интернетӣ ҳангоми тасдиқи фармоиш мувофиқа кунед.Ройгон!Дар шаҳри Душанбе, чун қоида, мо метавонем дар рӯзи бақайдгирии фармоиш ё рӯзи оянда баъди тасдиқ гардидани фармоиш аз ҷониби Шумо молро бурда расонем. Вақти бурдарасониро ба навоҳии дурдасти ҶТ метавонед бо мутахассиси мағозаи интернетӣ ҳангоми бақайдгирии фармоиш мувофиқа намоед. Занги мутахассисро барои тасдиқи фармоиш мунтазир шавед.Мо фармоиши Шуморо ба дилхоҳ минтақаи ҶТ бурда мерасонем.Муҳлати бурдарасонии фармоишҳо ба қисми бештари минтақаҳо аз 2 то 10 рӯзро (вобаста ба минтақаи бурдарасонӣ) аз лаҳзаи тасдиқи фармоиш ташкил медиҳад.Бурдарасонии минтақавӣ танҳо ба шахсони воқеӣ дастрас аст. Фармоишҳои иборат аз хизматрасониҳои Оператор (бастаҳо, опсияҳо, пардохтҳо ба ҳисобҳои муштариён) бурда расонида намешаванд.Қоидаҳои бурдарасонӣБурдарасонии фармоиш танҳо ба суроғаи мушаххас имконпазир аст, супурдан ва пардохти маблағи мол танҳо бо асъори миллӣ – Сомонӣ анҷом дода мешавад. 2. Дар ҳолати бурдарасонии фармоишҳо ба ҷойҳои оммавӣ (истгоҳҳои роҳи оҳан, мағозаҳо, тарабхонаҳо ва ғ.) супурдани мол ва ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ аз рӯйи он танҳо дар қисми идоравии онҳо, дар ҳолати бурдарасонӣ ба биноҳои истиқоматӣ бошад – танҳо дар ҳуҷра имконпазир аст. 3. Ҳангоми тасдиқи фармоиш корманди мағозаи интернетӣ ҳуқуқ дорад, ки аз мизоҷ рақами иловагиро барои тамос пурсон шавад, дар баъзе ҳолатҳои муайян бошад, барои бурдарасонии фармоиш қайдкунии рақами шаҳрӣ (доимӣ)-и телефон зарур меояд. 4. Хадамоти курерӣ ҳуқуқ дорад, ки дурустии маълумоти тамосие, ки аз ҷониби мизоҷ қайд гирдадаст ва промо-рамзи баъди бақайдгирии фармоиш воридшударо тафтиш намояд. 5. Номарасон (курер) барои додани ягон намуд машварат дар мавзӯъҳои техникӣ ё тиҷоратӣ, инчунин барои иҷрои дилхоҳ супоришҳои мизоҷ ваколатдор нест.6. Санҷиши мол дар ҳузури номарасон (курер) ва инчунин ҳамаи ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба бояд дар муддати на зиёда аз 20 дақиқа анҷом дода шавандДиққати Шуморо ба он равона мекунем, ки дар анбори мағозаи интернетӣ молҳо аз омодагии қаблазфурӯшӣ мегузаранд. Омодагии мазкур азназаргузаронии таҷҳизот, санҷиши индикатсияи нерӯ, маҷмӯи моли расонидашаванда ва пуркунии талони кафолатиро дар бар мегирад. Ба ин восита мо кӯшиш мекунем, ки ҳангоми бурдарасонии мол ҳолатҳои ногуворро пешгирӣ намуда, вақти Шумо ва вақти худро сарфа кунем, барои ҳамин аз Шумо хоҳиш мекунем, ки ба далели дар шакли кушода бурда расонида шудани мол бо фаҳмиши дуруст назар намоед.Худдастраскунӣ Дар толори МегаФон Ҳангоми бақайдгирии фармоиш толор (ТАМ/ТФ), ки дар он ба Шумо гирифтани харид қулай мебошад, интихоб намоед. Сатрҳои маълумотро барои тамос пур кунед. SMS-ро бо промо-рамзи тасдиқнамоӣ интизор шуда, фармоишро дар сомона тасдиқ кунед. Дархост барои бандкунии мол ба таври автоматӣ ба толори МегаФон, ки аз ҷониби Шумо интихоб гардидааст, фиристода мешавад. Муҳлати бандкунӣ чунин аст: барои фармоишҳо ҷиҳати дастраскунии таҷҳизот (телефон, смартфон, планшет, дастгоҳи МегаФон, лавозимот) – 1 рӯзи корӣ аз рӯйи реҷаи толори интихобнамуда: барои фармоишҳо бо пайвасткунӣ (рақам ва тарофа) – 3 рӯзи корӣ аз рӯйи реҷаи толори интихобнамуда. Баъди анҷомёбии муҳлати мазкур фармоиш бекор гардида, ҳангоми бақайдгирии фармоиши такрорӣ арзиши он метавонад бо нархҳои нав ҳисоб карда шавад. Лутфан, ба реҷаи кории толори алоқаи интихобкардаи худ диққат диҳед.