Чӣ тавр метавон харид?

Дар мағозаи интернетӣ Шумо имкон доред фармоишро барои бурдарасонии тарофа, телефони мобилӣ ва лавозимот ба қайд гиред, рақамро мустақилона пайдо кунед ё онро аз махзани рақамҳои зебо интихоб намоед.

Чӣ тавр метавон рақамро интихоб кард?

  1. Бо истифода аз феҳристи болоӣ ба қисми “Рӯйхати молҳо” – “Пайдокунии рақам” гузаред. Шумо инчунин метавонед рақамро аз махзани рақамҳои зебое, ки мо дар махзани мағозаи интернетӣ омода намуда, дар он рақамҳоро аз рӯйи намуд ва тарофаҳо гурӯҳбандӣ кардаем, интихоб намоед. Дар ин саҳифа мо якчанд воситаҳои махсуси пайдонамоиро, ки бо ёрии онҳо Шумо метавонед мустақилона рақами писандомада ва зуд дар хотир ҳифзшавандаро пайдо карда бихаред, пешбинӣ кардем.
  2. 'Фармоиши пешакӣ' – дар ин қисм Шумо метавонед барои дастраскунии рақам бо адади дӯстдоштаи худ ё бо соли таваллудатон анҷомёбанда дархост гузоред, ҳангоми мавҷуд будани рақам оператори МИ бо Шумо тамос мегирад.
  3. 'Музояда' – дар ин қисм Шумо танҳо баъди гузаштани бақайдгирӣ дар Музоядаи интернетӣ ширкат карда метавонед. Агар Шумо аллакай дар мағозаи интернетӣ ба қайд гирифта шуда бошед, логину пароли худро дохил намоед. Агар истифодабарандаи нав бошед, лутфан, тартиби соддаи бақайдгириро гузаред ва сипас метавонед иштирок кунед. Музоядаи стандартӣ (музоядаи англисӣ) ба кор бурда мешавад – яъне шакли кушодаи пешниҳодҳо истифода мегардад (ҳамаи харидорон дар бораи пешниҳодҳои якдигар огоҳ ҳастанд). Фурӯшанда нархи ибтидоӣ (аввалин)-ро муайян мекунад, баъдан харидорон мусобиқаи рақибонаро тариқи пешниҳоди нархҳои аз нархи аввала баландтар оғоз менамоянд. Шахсе ғолиб меояд, ки дар лаҳзаи анҷомёбии мусобиқаи музояда нархи аз ҳама баландро пешниҳод кардааст.

Чӣ тавр метавон рақаму тарофаро дастрас намуд?

  1. Ҳангоми бақайдгирии фармоиш барои пайвасткунӣ ба ҳар як рақам тарофа вобаста мегардад, Шумо метавонед сараввал рақам ва сипас тарофаи ба он мувофиқро интихоб кунед ё баръакс, дар навбати аввал тарофаро муайян карда, сипас рақамро аз махзани тарофаҳои мувофиқ интихоб намоед. Ҳар як пайвастшавӣ ба шабака ҳам рақам, ҳам тарофаро дар бар мегирад, харидани танҳо тарофа ё танҳо рақам номумкин аст.
  2. Баъди оне, ки Шумо бо пуркунии сатрҳои ҳатмӣ аз сомона рақам фармоиш медиҳед, он ба таври автоматӣ банд гардида, аз фурӯш гирифта мешавад. Ҳангоми гузоштани фармоиш инчунин капча бояд дуруст пур карда шавад, то ки ба рақами қайднамудаи Шумо СМС-ҳои тасдиқии марбут ба фармоиш ворид шаванд. Капча – ин тест-санҷиши ба таври автоматӣ ҳосилшаванда баҳри муайянкунии одам ё компютер будани истифодабаранда маҳсуб меёбад. Дар сомонаи мо капчаи математикӣ пешниҳод мешавад, Шуморо зарур аст, ки ҳосили ду адади дар расм дар шакли навиштаҷоти бурма ва бо рангҳои гуногун овардашударо қайд намоед. Дар сурате, ки агар Шумо аз фармоиши худ даст кашед, ё оператори МИ бо Шумо тамос гирифта натавонад, рақам боз ба фурӯш гузошта мешавад. Муҳлати бандкунии рақам баъди се шабнарӯз (72 соат) ба поён мерасад.
  3. Таркиби фармоиши худро бисанҷед, сатри суроғаро пур кунед ва тарзи пардохти фармоишро интихоб намоед.
  4. Тугмаи “Харидан”-ро пахш кунед ва дар фурсати наздиктарин занги мутахассиси мағозаи интернетиро баҳри тасдиқи фармоиш ва мувофиқаи вақти бурдарасонӣ мунтазир шавед.
  5. Ҳангоми гирифтани мол Шумо бояд ҳуҷҷатҳои дар қисми 'Шартҳои пайасткунӣ' дарҷшударо нишон диҳед.

Чӣ тавр метавон фармоишро барои дастраскунии телефони мобилӣ, лавозимот ё таҷҳизоти дигар ба қайд гирифт:

  1. Агар Шумо аниқ донед, ки кадом намуди телефонро дар мағозаи интернетӣ пайдо кардан мехоҳед, барои гузариш ба моли зарурӣ шумо метавонед дар сатри ҷустуҷӯ (дар қисми рости болоии дилхоҳ саҳифаи сомона) номи заруриро дохил кунед ё навигатсияи феҳристро истифода баред: банди зарурӣ, масалан “Телефонҳо”, ва сипас истеҳсолкунанда ва намудро интихоб кунед.
  2. Агар интихоби Шумо ҳоло номуайян бошад, онро метавон бо ёрии интихоби мол аз рӯйи параметрҳо, системаи филтрҳо ва функсияи муқоисаи молҳои ҳамнамуд муайян кард.
  3. Дар тавсифоти муфассали ҳар як мол Шумо хусусиятҳои муфассали ҳар як намуд ва аксҳои молро пайдо менамоед.
  4. Ҳангоми интихоби мол тугмаи “Харидан”-ро пахш кунед. Агар истифодабарандаи нав бошед, лутфан, тартиби соддаи барои бурдарасонӣ заруриро гузаред, маълумотро метавонед ба сатрҳои ҳатмии ҷадвал ворид кунед, инчунин ҷавоби дурусти капчаро нависед.
  5. Таркиби фармоиши худро бисанҷед ва агар зарур ояд, тағйиротро дохил намуда, сипас суроғаро ворид кунед ва тарзи пардохти фармоишро интихоб намоед.
  6. Тугмаи “Харидан”-ро пахш карда, дар фурсати наздиктарин занги мутахассиси мағозаи интернетиро барои тасдиқи фармоиш ва мувофиқаи вақти бурдарасонӣ мунтазир шавед.