Шартҳои пайвастшавӣ ба шабакаи МегаФон

Шартҳои мазкур дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.04. соли 2016 таҳти №207-7, ки мутобиқи он “Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои вобаста ба онҳо” тасдиқ гардидааст, таҳия карда шуда, амал менамоянд.Ҳангоми харидани тарофаи Ширкати ҶСП “ТТ мобайл” (МегаФон Тоҷикистон) бо харидор Шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои алоқа баста мешавад. Бастани Шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин бо соҳибкорони инфиродӣ имконпазир аст. Бастани шартнома оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи МегаФон дар асоси шиносномаи амалкунандаи ҶТ – намунаи соли 2014 ҳангоми расидан ба синни 16 (Бо пешниҳоди розигии хаттии яке аз волидайн, васиҳо ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда) ё ҳангоми ба синни 18 расидани шахси муайян имконпазир мебошад. Бастани шартнома барои шаҳрвандони хориҷӣ низ дастрас аст. Ҳангоми бастани Шартнома шахс бояд шахсан ҳузур дошта бошад, ё тавассути намояндаи худ (ки намояндагии ӯ бо шакли хаттии ваколатнома ба расмият дароварда шудааст) амал намояд. Муфассалтар:Шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бе шаҳрвандӣ ва гурезагони дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси доимӣ истиқоматкунанда ба шабакаи алоқаи барқӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷати зист барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷати зист барои шахси бе шаҳрвандӣ ё шаҳодатномаи гуреза пайваст карда мешаванд. Пайвасткунии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат мекунанд, дар асоси ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи шахсият ва иқомати қонунии онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муҳлати иҷозати иқомат – мувофиқи муҳлати раводид, барои шахсони муваққатан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ғайрираводидӣ истиқоматкунанда – ба муҳлати амали бақайдгирӣ ва барои шахсоне, ки бе қайд ҳуқуқи истиқомати муваққатиро доранд – ба муҳлати мазкур анҷом дода мешавад.